Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади ошноӣ аз раванди корҳои бунёдкорӣ аз иншооти ҷашнӣ боздид карданд.

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, нахуст Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи азнавсозии боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ шинос шуд. Дар он бунёди пояҳои панҷараҳои атрофи боғ ва корҳои хатти обрасонию фаввораҳо ба анҷом расида, ҳамворкунии майдон ҷараён дорад.

“Бо назардошти баргузор шудани Фестивали сайри гули лола 2020 дар боғи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ навъҳои гуногуни лола кишт шудаанд. Барои гузаронидани тантанаҳои Наврӯзи байналмилали ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд”, - омадааст дар хабар.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ба раиси вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 6 гектар азнавсозӣ шуда, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар рӯзҳои тантанаи Наврӯзи байнулмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Гуфта мешавад, иншооти мазкур дар давоми ду сол бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд шуда, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо назардошти арҷгузорӣ ба хидматҳои мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ муҷассама гузошта мешавад.

Бо дастури раиси вилоят дар он ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва баргузории чорабиниҳои идона бунёди Амфитеатр бо 2000 ҷойи нишаст, шаршара, 5 фаввора, мавзеъи бозии кӯдакони “Олами афсона”, гӯшаи ҳайвоноти зинда ва бунёди чандин иншооти дигари ёрирасону хизматрасонӣ дар назар аст.

1/8

Ҳамчунин дар дохил ва атрофи боғ иловатан шинонидани ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва насби 100 адад таҷҳизоти равшандиҳанда дар назар аст. Ҳамзамон бунёди 20 суҳбаткада, 160 роҳрави чароғони ороишӣ ва 80 нишастгоҳ пешбинӣ шудааст.

Роҳбари вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш дар дохили Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ якчанд ниҳоли ҳамешасабзи санавбар шинониданд. Раиси вилояти Суғд ҳамзамон бо ҷараёни бунёди маркази хизматрасонии тиббии «Дармони ҷон» шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони маркази муосири хизматрасонии тибии «Дармони ҷон» дар арафаи анҷомёбист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.