Имрӯз, 27-уми январ дар бинои Ҳукумати ҶТ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои сатҳи роҳбарӣ дар вазорату идораҳо, шаҳру навоҳӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ таъин шуданд, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои раисҷумҳур Изатулло Сатторӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири кишоварзӣ озод ва Салимзода Амонулло Файзулло ба ҷойи ӯ таъин шуд.

Тибқи фармонҳои дигари сарвари давлат Саломзода Сиҷоуддин аз вазифаи раиси шаҳри Исфара, Сулаймонзода Акрам Раҳим аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен, Салимзода Комил аз вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, Раҷабзода Муҳаммадҷобир аз вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Зоирзода Маърифат Оймаҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод шуданд.

Сулаймонзода Акрам Раҳим – иҷрокунандаи раиси шаҳри Исфара, Нуъмонзода Темур – иҷрокунандаи раиси ноҳияи Спитамен, Қудратзода Тоҳир Толибӣ – иҷрокунандаи вазифаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Бобозода Хайрулло – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, Саломзода Сиҷоуддин – иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, Ҷалилзода Шералӣ – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъин гардиданд.

1/9

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар аз вазифаи раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Абдуғаффорзода Нуъмон Абдуғаффор аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Нозанинзода Нусратулло Бодом аз вазифаи муовини якуми вазири кишоварзӣ, муовинони вазири кишоварзӣ – Мусоев Нусратулло, Саидова Ҷамила, ҳамчунин Амонзода Ширин Шодӣ аз вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Матробиён Саодатшо Қосимзода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод шуданд.

Муҳаммадҷонзода Олимҷон Обидҷон – раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Амонзода Ширин Шодӣ – раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Каримзода Саъдӣ Ғаффор – муовини якуми Вазири кишоварзӣ, Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт – ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Муҳаммадёрзода Усмон Маъмур ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо раисҷумур Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъин шуд.

Зимни суҳбат сарвари давлат ба онҳо таъкид дошт, ки дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омӯзиши босифати фанҳои дақиқ мусоидат карда, ба халқу кишвар содиқонаю поквиҷдонона хизмат кунанд.

Ба тарбияи кадрҳои ҷавон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҷалби бештари олимону мутахассисони болаёқат дар соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ ва бознигарии фаъолияти Пажӯҳишгоҳу марказҳои тадқиқотии Вазорати кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Сарвари давлат аз кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ таъиншуда талаб кард, ки вазифаҳои хизматии худро дар ҷаҳорчӯбаи қонун ва талаботи замони муосир ба роҳ монда, барои боз ҳам самараноку муассир гардидани фаъолияти роҳбариашон пайваста омӯзанд ва ҳамкориро бо вазорату идораҳои марбута зич ба роҳ монанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.