Ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳамагӣ 63 нафар вакилон интихоб мешаванд, ки  22 нафарашон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ, яъне тибқи рӯйхати аҳзоби сиёсӣ ва 41 нафар - аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории интихоботи Тоҷикистон, номзадҳо ба вакилии парлумон бояд то 9 феврал дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР) худро ба қайд гузоранд. Пас аз ин онҳо расман метавонанд ба маъракаи ташвиқу таблиғотӣ оғоз кунанд.

Рӯйхати ҳамаи 7 ҳизби сиёсии кишвар, ки номзадҳои худро ба вакилӣ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ пешбарӣ кардаанд, 18 январ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ тасдиқ шуд.

Тибқи рӯйхати тасдиқшудаи КМИР, дар ҳавзаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ ба 22 курсии вакилӣ дар маҷмӯъ 74 номзад аз ҳамаи аҳзоби сиёсии расман сабтшудаи Тоҷикистон довталабӣ мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз КМИР Тоҷикистон хабар доданд, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар ҳамаи ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ба сурати умум 89 номзад ба вакилӣ пешбарӣ кардаанд.

Дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 41 номзад, Ҳизби аграрӣ - 29, Ҳизби сотсиалистӣ - 4, Ҳизби коммунист - 4 ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон - 11 номзад пешбарӣ кардаанд.

Ҳизби сотсиал-демократӣ ва Ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатӣ номзад пешбарӣ накардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.