Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири ҳафтаи гузашта дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон кардани солҳои 2020-2040 фармон ба имзо расонид.

Тавре дафтари матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, фармон бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон ба имзо расидааст.

Дар фармон гуфта мешавад, солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.

Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигаре, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор шуданд, нақшаи чорабиниҳоро дар муҳлати 3 моҳ таҳия ва ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.