Таъмини аҳолии Хатлон бо оби нӯшокӣ, норасоии китобу синфхонаҳо, вазъи расонаҳо ва дигар масоили ҳалталаб рӯзи 7-уми феврал дар нишасти матбуотии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баррасӣ шуданд.

Мардумро бо оби нӯшокӣ таъмин накардан гуноҳ аст!

“Аксари аҳолии вилоят дар деҳот зиндагӣ мекунанду мушкили таъмини оби нӯшокӣ доранд. Бо истифода аз лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар 8 шаҳру ноҳия корҳои беҳтар кардани таъминоти об ҷараён дорад. Хусусан, вазъ дар шаҳри Кӯлоб вазнин буд. Бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва шарикони рушд корҳо дар он ҷо оғоз ёфтанд. Соли 2019 ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон 200 км хатҳои оби нӯшокӣ кашида шуданд. Мушкилоти ҷиддӣ дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ ҷой доранд. Дар маркази баъзе ноҳияҳо бо амалишавии лоиҳаҳо кор ба анҷом расид. Деҳот бояд аз мадди назар дур намонанд. Бо пешниҳоди лоиҳаҳои хурд, тариқи кофтани чоҳҳои амудӣ деҳотро низ бо оби нӯшокӣ бояд таъмин кард”, - гуфт раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода илова кард, ки ин масъала дар мадди назари роҳбарияти вилоят қарор дорад ва баҳри амалишавии он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

“Дар саргаҳи об будану мардумро бо оби нӯшокӣ таъмин накардан гуноҳ аст!”, - изҳор дошт ӯ.

Норасоии китобҳои дарсӣ ва синфхонаҳо

“Дар соҳаи маориф мушкилот ҷой доранд ва онҳоро бояд то ҷашни 30-солагии Истиқлолият бартараф кард. Аз ҳисоби сохтмонҳои иловагӣ ва мактабҳои нав бояд нарасидани синфхонаҳо аз байн бурда шавад. Айни замон дар 25 мактаби ҳудуди вилоят аз сабаби норасоии синфхонаҳо дарс дар се баст роҳандозӣ шудааст. Қаблан ин масъала дар ноҳияи Ҷайҳун бештар ба назар расида, соли 2018 дар 33 мактаб дарсҳо дар се баст мегузаштанд. Соли гузашта бо сохтмони синфхонаҳои нав вазъ дар ин ноҳия беҳтар шуд”, - гуфт раиси вилоят.

Нишасти хабарии раиси вилояти Хатлон, ш. Бохтар, 7 феврали 2020 с.
Asia-Plus

Ӯ норасоии ашёи хониш, аз ҷумла, китобҳои дарсиро яке аз мушкилоти соҳаи маориф арзёбӣ кард.

“Ман ба чанд мактаби ноҳияи Вахш, Ҷайҳун ва Кӯшониён рафта, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат кардам. Бе огоҳии пешакӣ рафтам. Вақте ба чанде аз дарсҳо даромадам, дар баъзе мактабҳо ҳолатҳое ҳаст, ки аз 50 то 60 фоизи хонандагон китоби дарсӣ надоранд. Ин мушкили ҷиддист. Агар хонанда китоб надошта бошад, чӣ хел ба дарс омода мешавад?” - суол гузошт Ҳакимзода.

Вай афзуд, баҳри бартараф кардани камбудиҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Сохтмони мактабу синфхонаҳои иловагӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо идома хоҳад ёфт.

“Он мактабҳое, ки сохтмонашон солҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд, бояд тайи 2 соли оянда пурра ба анҷом расонида шаванд”, - гуфт ӯ.

Харитаи мавзеъҳои таърихӣ омода мешавад

Қурбон Ҳакимзода аз набудани харитаи мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ карда, ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки он дар наздиктарин фурсат омода карда шавад.

“Обеъктҳои таърихию фарҳангӣ аз беаҳаммиятӣ зери по мондаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Шаҳритус чунин проблема ҷой дорад. Мо ба раисони ноҳияҳо супориши қатъӣ додем, ки харитаи мавзеъҳои таърихӣ ва дар заминаи он хатсайрҳои сайёҳӣ низ омода шаванд. Баъзе ноҳияҳо ба ҷойи он, ки харитаи сайёҳӣ омода кунанд, харитаи маъмулиро истифода карда истодаанд ”, - гуфт раиси вилоят.

Ӯ ба муовинонаш супориш дод, ки бо идораҳои дахлдори вилоят ва ҷумҳурӣ атрофи ин масъала кор баранд.

Ба гуфтаи Ҳакимзода, барои рушди сайёҳӣ ва барқарорсозии объектҳои таърихию фарҳангӣ Бонки ҷаҳонӣ 32 миллион доллар маблағгузорӣ хоҳад кард. “Дар доираи ин лоиҳа мавзеъҳои таърихии Ҳулбук, Аҷинатеппа, Хоҷамашҳад ва дигар объектҳо таъмиру барқарор хоҳанд шуд”, - афзуд ӯ.

1/3

Ҷоизаи махсуси журналистӣ

Раиси вилояти Хатлон ба зердастонаш супориш дод, ки дар соли 2020 ба хотири рушди ВАО ҷоизаи махсуси журналистӣ таъсис дода шавад. Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки энсиклопедияи ВАО-и вилоятро то ҷашни Истиқлолият омода карда, ба чоп супоранд.

“Энсиклопедияи ВАО дар вилояти Хатлон бояд бошад. Ин як қисмати таърихи вилоят аст. Мо бояд ба қадри заҳмати кормандони ин соҳаи ҳаётан муҳим бирасем”, - изҳор дошт Ҳакимзода.
Ба қавли ӯ, роҳбарияти вилоят тасмим гирифтааст, ба хотири баланд бардоштани сифати кори ВАО ба ҳамаи нашрияҳои шаҳрию ноҳиявӣ сарфи назар аз шакли фаъолияташон, дар Рӯзи матбуоти тоҷик компютер, принтер ва дигар таҳҷизоти зарурӣ тақдим кунад.

“Дар баробари кумаки техникӣ, имсол тасмим гирифтем, озмуни вилоятии “Нерӯи сухан”-ро васеътар гузаронем. Он аз рӯйи 7 номинатсия баргузор шуда, ҳаҷми мукофотпулӣ нисбат ба соли пеш чаҳор маротиба бештар шудааст”, - иброз дошт ӯ.

Раиси вилоят хабар дод, ки соли 2020 барои хариди таҷҳизоти зарурӣ ба ТВ “Кӯлоб” маблағ ҷудо хоҳад шуд.

Дар посух ба суоли “Оё имкони расонидани кумак ба 2 телевизиони хусусии вилоят ҳаст?” Қурбон Ҳакимзода гуфт: “Мо ин масъаларо меомӯзем... Чаро матбуоти мустақилро кофтаву харидорӣ мекунанд? Барномаи телевизионӣ ҳам бояд чунон омода карда шавад, ки худи бинанда онро кофтаву тамошо кунад”.

Ӯ дар фароварди нишасти матбуотӣ ба 21 нафар собиқадорону фаъолони ВАО-и вилоят ва намояндагиҳои расонаҳои ҷумҳуриявӣ сипоснома ва туҳфаҳо супурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.