“Мардуми шарифи вилояти Суғд бояд донанд, ки то имрӯз ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии воридшавии вируси мазкур тамоми чораҳоро роҳандозӣ менамояд. Бархе аз шахсони манфиатхоҳу фурсатталаб овозаҳои беасосро ба вуҷуд овардаанд, ки ин набояд боиси ба таҳлука афтодани мардум гардад”, - изҳор дошт рӯзи 5-уми март раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо фурӯшандагону харидорони бозорҳои маркази вилоят.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ медиҳад, Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулоти ниёзи аввал шахсан аз бозорҳои “Гулистон” ва “Панҷшанбе”-и маркази вилоят боздид карда, бо мардум суҳбатҳо анҷом дод. Зимнан қайд карда шуд, ки пайдо шудани овозаҳои беасос боиси ташвиши бархе афроди зудбовар гардида, ин ҳолатро шуморе аз ҳаннотон ба манфиати худ истифода мекунанд.

Раиси вилоят такроран таъкид кард, ки овозаҳо ягон асоси воқеӣ надоранд ва дар вилояти Суғд барои қонеъ кардани талаботи солонаи сокинон ба таври зарурӣ орду гандум ва дигар маҳсулоти зарурӣ захира шудааст. Илова бар ин ҳамарӯза садҳо тонна гандум аз хориҷи кишвар ворид шуда, дар тақрибан 30 корхонаи ордбарории вилоят коркард мешавад.

Ба намояндагони сохторҳои дахлдор, роҳбарияти бозор ва соҳибкорон аз тарафи раиси вилоят дастур дода шуд, ки барои пешгирии беасоси болоравии нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чораҷӯӣ карда, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи бозор тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал ба манфиати кор дониста шуда, зикр гардид, ки дар шаҳрҳои саноатӣ чунин ярмаркаҳо ба роҳ монда мешаванд.

Дар идомаи боздид раиси вилоят растаҳои гуногуни бозори “Панҷшанбе”-ро аз назар гузаронида, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар ин  бозор савдо мекунанд, суҳбат орост. Аз фурӯшандагони маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла, биринҷ, равған, гӯшт, картошка, сабзӣ, пиёз тақозо карда шуд, ки аз ба таври сунъӣ баланд бардоштани арзиши маҳсулот худдорӣ кунанд.

Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят захираи зиёди маҳсулот мавҷуд аст ва он чун рӯзҳои қаблӣ тибқи талабот вориди бозорҳо гардонида мешавад.

Сипас раиси вилоят машварати корӣ доир кард. Дар он таъкид шуд, ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, аз ҷумла, вилояти Суғд тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Дар Суғд ситоди вилоятӣ бо роҳбарии раиси вилоят таъсис дода шуда, назорати вуруди шаҳрвандон аз беруни кишвар таъмин гардидааст ва дар гузаргоҳҳои сарҳадии ҳудуди вилоят, фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан чораҳои пешгирию ташхисӣ андешида шудаанд. Яъне дар гузаргоҳҳо нуқтаҳои тиббии санҷишӣ фаъол карда шуда, онҳо бо лавозимоти зарурӣ, техникаю таҷҳизот таъмин мебошанд. Аммо мушкили асосӣ дар ин самт паҳншавии овозаҳои бардурӯғ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва ба таҳлука андохтани мардум аст, ки оқибати нохушро ба бор хоҳад овард.

Мутаассифона, бархе сокинони кишвар ба овозаҳои беасос бовар карда, имрӯз дар бозору мағозаҳо харидории номуназзами маҳсулотро ба роҳ мондаанд, ки боиси вайрон гардидани низоми муқаррарии рӯзгори осоиштаи ҷамъият хоҳад шуд. Ин рафтори ғайритабиӣ боиси ба таври сунъӣ баланд гардидани нархи маҳсулот, доруворӣ ва камчинии он шудааст.

Раиси вилоят ба мутасаддиёни дахлдор дастури қатъӣ дод, ки назоратро аз болои нархи маҳсулоти ниёзи мардум дар бозор ва маводи пешгирию табобатӣ дар дорухонаҳо пурзӯр карда, нисбат ба нафароне, ки ба хотири фоидаи шахсӣ ба ин амали ношоиста даст мезананд, чораҳои дахлдор андешанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.