Ба ҳайати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон (МНМО ҶТ) 32 олими соҳаҳои гуногун интихоб шуданд, ки 4 нафари онҳо узви вобастаи Академияи илмҳо, 13 доктори илм ва 15 номзади илм мебошанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти МНМО ҶТ, аз ин шумора 1 нафар узви вобастаи Академияи илмҳо, 5 доктори илм ва 3 номзади илмро бонувон ва дар умум аз 63 вакил 15 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар иҷлосияи якуми парлумони тозаинтихоб, ки рӯзи 17-уми март дар Душанбе баргузор шуд, раисони кумита ва комиссияҳои доимии МНМО ҶТ интихоб шуданд.

Ба ин тариқ, Эмомалӣ Насриддин – раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон; Шомуроди Рустам – раиси Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният; Ҳоким  Холиқзода – раиси Кумитаи иқтисод ва молия; Рустам Латифзода – раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология; Саидмурод Фаттоҳзода – раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот; Насиба Содиқӣ – раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон; Сумангул Тағойзода – раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ; Абдураҳим Холиқзода – раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ; Хайрулло Амонулло – раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия; Зуфар Исмоилзода – раиси Комиссияи экологӣ; Файзулло Баротзода – раиси Комиссия оид ба одоби вакилон ва Ҷамшед Муртазозода – раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор интихоб шуданд.

Гуфта мешавад, дар иҷлосия ҳамчунин Кабирзода Мизроб Саид ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

Ба ҳамин тартиб, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳайати раис, муовини якум ва муовинони раис ва раисони кумита ва комиссияҳои МНМО Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ёдрас мекунем, ки Маҳмадтоир Зокирзода раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Маҳмадалӣ Ватанзода муовини аввали ӯ, Қодири Қосим ва Дилрабо Мансурӣ муовинони раис интихоб шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.