Мутобиқи амри раисҷумҳури Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуда, роҳбарии он ба зиммаи сарвазир Коҳир Расулзода вогузор шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар дод, ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба муқовимат бо коронавирус, ки аввали моҳи январ таъсис ёфта, ба он муовинони сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Ширин Исматуллозода роҳбарӣ мекарданд, бекор карда шуд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, мувофиқи амри президенти Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд.

Тибқи банди дигари амр, ҳайати ситоди ҷумҳуриявӣ тасдиқ гардид, ки он аз роҳбарони тамоми вазорату идораҳои кишвар, котиби Шӯрои амният, прокурори генералӣ, роҳбарони  воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ, инчунин роҳбарони «Барқи Тоҷик», «Тоҷикматлубот», ДДТТ ва дигарон иборат аст.

Сарвари давлат ба ситоди ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки нақшаи чорабиниҳоро оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси нав таҳия ва тасдиқ карда, иҷрои онро таъмин намояд.

Тибқи ин амр, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки мутаносибан ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллиро барои пурзӯр кардани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.