Имрӯз, 27 март дар Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ интихоб мешаванд. Вакилони минтақаҳо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ 25 аъзои палатаи болоии парлумонро ба 33 мақомоти маҳаллии қонунгузорӣ интихоб мекунанд.

Аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳи Суғду Хатлон ва ВМКБ 5-нафарӣ аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуда, боз боқимонда 8 нафар аъзои палатаи болоии парлумони кишварро президент таъин мекунад.

Яке аз номзадҳо ба узвият дар Маҷлиси миллӣ писари калонии президенти Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешбарӣ шудааст.

Ғайр аз ин, раисони вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ВМКБ Ёдгор Файзов ва Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ номзадҳо ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.