Дар лоиҳаи таҳияшудаи Кодекси андози ҷумҳурӣ дар таҳрири нав барои ширкатҳое, ки ба ин ё он гунае бо минтақаҳои оффшорӣ сарукор доранд, шарт ва қоидаҳои нави андозбандӣ пешбинӣ мешавад.

Таҳиягарони лоиҳаи Кодекси нав ин тадбирҳоро “пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо бо истифода аз сабукии қонунгузории ҷумҳурӣ аз ҷониби ширкатҳое, ки дар минтақаҳои оффшорӣ ба қайд гирифта шудаанд” маънидод мекунанд.

Муайянсозии ин масъала, ки чӣ гуна шарт ва қоидаҳоро барои ширкатҳои оффшорӣ дар Кодекси нав пешбинӣ кардаанд, ҳанӯз ба “Азия-Плюс” муяссар нашудааст.

Мақомоти андози Тоҷикистон ба андозбандии ширкатҳое, ки ба ин ё он гунае бо ширкатҳои оффшорӣ робита доранд, аз 1-уми апрели соли 2015 шурӯъ кард.

Ба Кодекси андоз банде илова шуд, ки дар он мафҳуми “Минтақаи оффшорӣ” шарҳу тавзеҳ дода мешавад.

«Минтақаҳои оффшорӣ – давлатҳо ва (ё) ҳудуде, ки ба ғайрирезидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамояд ва (ё) ошкор ва пешниҳоди маълумотро доир ба амалиёти бо маблағ ва дигар молу мулк гузаронидашуда пешбинӣ намекунад. Барои мақсадҳои андозбандӣ номгӯи минтақаҳои оффшориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори  муқовимат бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории тероризм (Бонки миллии Тоҷикистон) муайян менамояд”.

Ғайр аз ин, тибқи тағйироти ба Кодекси андоз воридшуда, тартиби андозбандӣ ва маблағи андози корхонаҳои резидентие, ки бо корхонаҳои резидентии ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ дошта ва (ё) бо шахсони дар минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифташуда амалиёт (аҳд) анҷом додаанд, бо усули мустақим ё ғайримустақим, яъне дар асоси дороиҳо, муомилот, хароҷоти истеҳсолӣ, муқоиса бо андозсупорандаи шабеҳ, муоинаи хронометражӣ ва ғайра муайян карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.