Танҳо дар моҳи май теъдоди озмоишгоҳҳои вирусологӣ дар шаҳри Душанбе аз як ба чаҳор адад расонида шуд. Ин имкон дод, ки дар ин муддат қариб 15 600 нафар шаҳрвандон тавассути тест ташхис карда шаванд.
Ин нукта дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, ки таҳти раёсати сарвазири ҷумҳурӣ, раиси Ситод Қоҳир Расулзода баргузор гардид, зикр шуд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа зикр шудааст, ки ояндаи наздик дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб озмоишгоҳҳои вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд, ки бо ин мақсад 10 мутахассиси вирусолог аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштанд.
Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, то ҳол ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дигар роҳи самараноки пешгирӣ кардани паҳншавиии ин вирус вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ситоди ҷумҳуриявӣ тамоми тадбирҳои заруриро оид ба ҷорӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии пайдоиш ва паҳн нагардидани сирояти нави коронавирус андешида истодааст.
Қоҳир Расулзода ба аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ-роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ дар самти пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз паҳн нагардидани сирояти нави COVID-19 дар ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба вазъи эпидемиологӣ ва тадбирҳои андешидашудаву банақшагирифта барои пешгирии интиқол ва паҳн нагардидани сирояти нави коронавирус дар ҷумҳурӣ гузориш дода, гуфт, ки алҳол вазъият дар самти назорат ва табобати бемории сироятии COVID-19 идорашаванда арзёбӣ гардида, ҳар рӯз шумораи беморони бистаришаванда кам ва аз беморхонаҳо ҷавобшаванда меафзояд. Ин аст, ки дар як рӯз ба ҳисоби миёна беш аз 300-400 нафар маризон аз беморхонаҳо рухсат мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва судҳо
Ҳушдори КҲФ: Хатари сел то 21 август боқӣ мемонад
Нусхаи дастнависи Қуръони дар Намангон дуздидашуда дарёфт шуд
Шавкат Мирзиёев ҳоҷӣ шуд
Боздошти як тоҷикистонӣ бо зиёда аз 1,6 млн рубл дар фурудгоҳи Сургут
Дар Тоҷикистон 420 ҳазор тонна ҳосили пиёз ҷамъоварӣ шуд. Акнун нархҳо поин мераванд?
Нигаронии котибони Шӯрои амнияти Тоҷикистону Русия аз фаъолшавии гурӯҳҳо дар Афғонистон
Аз 10 медали тиллои Чемпионати бадминтони Осиёи Марказӣ дар Душанбе 8-тоаш насиби Эрон шуд
Се медали тиллои размикорони тоҷик дар рӯзи дуюми чемпионати ҷаҳон оид ба ММА
Ҳалокати 6 нафар бар асари таркиш дар Сирдарё
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста