Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармони худ Абдуқодир Вализодаро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъин кард.
То ин дам Абдуқодир Вализода ба ҳайси раиси шаҳри Турсунзода ифои вазифа мекард.
Парвиз Акрамзода, ки қаблан дар вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг қарор дошт, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода имрӯз, 8 июн ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуд.
Абдуқодир Вализода 3 марти соли 1964 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, соли 1983 Коллеҷи политехникии Душанбе ва соли 1996 Донигоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодчӣ хатм кардааст.
Дар давраи кориаш ӯ ба ҳайси муовини раиси шаҳри Бохтар, раиси ноҳияи Ховалинг, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият намуда, аз моҳи феврали соли 2018 то 8 июни соли 2020 вазифаи раиси шаҳри Турсунзодаро бар уҳда дошт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста