Таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ даъвати шашум баргузор гардид.

Дар ҷаласа рӯзномаи иҷлосияи дуюми палатаи болоии парлумон, ки пагоҳ, 26-уми июн доир мегардад, тасдиқ шуд.

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ қонун ва тағйироту иловаҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда, дар умум наздики 33 масъала баррасӣ мешаванд.

Аз ҷумла, масъалаи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ хоҳад шуд, ки ҷорӣ кардани ҷаримаро барои ниқоб надоштан ва паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО дар назар дорад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи қонун барои вайрон кардани меъёри ба ВАО дахлдошта аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин риоя накардани масофаи иҷтимоии байни ҳамдигар то 2 метр ҷорӣ кардани ҷарима дар ҳаҷми аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ пешниҳод шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.