Шӯрои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 22 июн тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”-ро қабул кард, ки дар онҳо минбаъд кори якҷояи хешовандони наздик дар низоми Бонки милии Тоҷикистон (БМТ) ва ташкилотҳои қарзии давлатӣ манъ мешавад.
“Бо мақсади пешгирии фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар ташкилотҳои қарзии давлатӣ ва пешгирии хавфҳои амалиётии марбут ба фаъолият ё бефаъолиятии онҳо ба лоиҳа моддаи нав 24(1) илова шуд”, - қайд мешавад дар лоиҳаи тағйирот.
Роҳбари ширкати ҳуқуқшиносии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев дар шарҳи ин масъала ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки дар қонунгузории Тоҷикистон падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳар хешовандони наздик шуморида мешаванд.
Ба гуфтаи ӯ, ба ин монанд маҳдудият қаблан низ дар “Кодекси меҳнати Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст, масалан, дар моддаи 27:
“1. Дар як ташкилоти давлатӣ (воҳидҳои сохторӣ) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ӯ) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутаборӣ (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.
2. Маҳдудиятҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд бо қарори соҳибмулк ё шахси ваколатдори ӯ дар ташкилотҳои ғайридавлатӣ низ муқаррар карда шаванд”.
Тағйироту иловаҳои нав пас аз тасдиқи онҳо дар палатаи болоии парлумон, имзо аз ҷониби президент ва нашри расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.
Бо мақсади пурзӯр кардани низоми назорат аз болои фаъолияти бонкҳо ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба қонунгузории ҷорӣ ва амалияи пешрафтаи ҷаҳонӣ, ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” тағйироту иловаҳои дигар низ ворид карда шуданд.
Аъзои Шӯрои палатаи поёнии парлумон ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»-ро низ баррасӣ карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста