Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Ҷамолиддин Абдуллозода ва Зарина Зуҳурова пеш аз муҳлат ваколтҳояшонро месупоранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар доданд, онҳо 1 марти соли ҷорӣ аз ҳавзаҳои интихоботии №№23 ва 42 вакил интихоб шуда буданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода бинобар таъин шуданаш ба вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Зарина Зуҳурова бо сабаби ба вазифаи сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳрдории Душанбе таъин шудан ваколатҳояшонро дар маҷлиси шаҳрӣ месупоранд.

Рӯзи баргузории интихоботи вакилони нав дар ҳавзаҳои интихоботии зикршуда дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки рӯзи 15 июл доир мегардад, таъин карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.