Дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони тиб дар Қасри Арбоби вилояти Суғд раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба табибон ва мутахассисони соҳати тиб сари таъзим фуруд оварда, ба ҳамаи онҳо изҳори сипоси беандоза баён намуд.

Зимни суханронӣ дар ҷамъомад Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки соли равон барои духтурони вилоят, чун саросари олам, давраи санҷиши малака ва маҳорати касбӣ ба ҳисоб рафта, табибон дар мубориза бо бемории коронавируси нави COVID-19 бори дигар нишон доданд, ки онҳо баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизмати тиббӣ, аз бемории сироятӣ эмин доштани мардум дониш ва нерӯи ақлониву ҷисмониашонро масраф мекунанд.

Тавре хабаргузории sugdnews.com иттилоъ медиҳад, раиси вилоят изҳор доштааст, ки “дар қатори аҳолии вилоят ман низ ҳамчун сокини одии вилоят ба табибон изҳори миннатдорӣ намуда, барои қаҳрамониашон назди онҳо сари таъзим фуруд меорам”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.