Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷорӣ шудани тарифҳои нави роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе - автобусу троллейбусҳо қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, билети нимсолаи равуо дар нақлиёти ҷамъиятӣ барои хонандагони мактабҳо 150 сомонӣ, донишҷӯён - 200 сомонӣ ва дигар шаҳрвандон - 300 сомонӣ муқаррар шудааст.

Билети яксолаи истифода аз ин навъи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт мутаносибан 200, 300 ва 500 сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, дастрас намудани кортҳои пластикии дорои тарифҳои «Нимсола» ва «Солона» ихтиёрӣ мебошад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 марти соли 2018 дар Душанбе корти ягонаи Cityсard амал мекунад. Ин кортро дар терминал ва фурӯшгоҳҳо (киоскҳо)-и назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе харидан мумкин аст.

Нархи ҳадди ақали корти пластикии Citycard ба 7 сомонӣ баробар аст: 4 сомонӣ арзиши худи корт буда, маблағи боқимонда ба тавозуни корт мегузарад ва барои пардохти роҳкиро дар нақлиёт пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин тариқи терминалҳои ширкати Express Pay ба тавозуни корт метавон маблағ гузаронид.

Барои мусофироне, ки роҳкиро дар автобусу троллейбусҳоро тавассути экспресс корт (QR-Kod) пардохт мекунанд, тахфифҳо (камшавии нарх) пешбинӣ шудааст: барои донишҷӯёне, ки корти дорои беш аз 50 нишаст (равуо)-ро мегиранд, 30% тахфиф ва барои дигар мусофирон - 15% тахфифҳо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.