Мувофиқи амри раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Комиссияи махсуси дастгоҳи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ барои ишғоли вазифаи ёвари раис оид ба масъалаҳои умумӣ озмун эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти МММО ҶТ, тибқи шартҳои озмун, довталабон ба вазифаи ёвари раиси бояд маълумоти олӣ, 7 сол собиқаи корӣ ё 6 сол собиқаи корӣ дар хизмати давлатӣ дошта бошанд.

Ғайр аз ин довталабон бояд меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро дониста, аз дониш ва малакаи роҳбарӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, қобилияти идоракунӣ, банақшагирии раванди кор, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ ва кор бо тобеон бархӯрдор бошанд.

Номзадҳо инчунин бояд дорои малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, одобу ахлоқи шоиста, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ бошанд.

Барои ёвари раиси Маҷлиси миллӣ донистани донистани забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин малакаи кор бо компютер ҳатмӣ аст.

Музди меҳнати ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 3 ҳазору 336 сомонӣ муқаррар шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.