Ба Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” дастур дода шудааст, ки ояндаи наздик биноеро, ки дар он фаъолият доранд, холӣ кунанд.

Ба онҳо дар бинои Маҷмааи табъу нашри “Шарқи озод” дафтарҳои корӣ пешниҳод шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе.

Дар бинои пешинаи ҷойи кории онҳо, ки дар маркази шаҳри Душанбе, паҳлӯи парлумон воқеъ аст, шаҳрдории пойтахт ҷойгир мешавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки қисмати чапи Кохи президенти Тоҷикистон, ки айни замон дар он дастгоҳи шаҳрдории Душанбе фаъолият дорад, то замони анҷоми сохтмони бинои нави ҳукумати ҷумҳурӣ тахриб намешавад.

Лекин акнун ҳукумат тасмим гирифтааст, ки бинои Кохи президент, аз ҷумла қисмати чапи он пурра тахриб (кӯчонида) мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.