Эмомалӣ Раҳмон шоми 3-юми ноябр кобинаи нави ҳукуматро муаррифӣ кард. Дар кобинаи нави ҳукумат танҳо 5 чеҳраи нав – ду муовини сарвазир ва чор вазир ворид шуд. Инҳо кистанд? “Азия-Плюс” онҳоро бештар муаррифӣ мекунад. Дар бахши аввал муовинони нави сарвазирро, ки ҳарчанд дар низоми мансабдории Тоҷикистон чеҳраҳои хеле нав нестанд, бештар бишносем.

Матлубахон Сатториён: аз ҳизб ба ҳукумат

Матлубахон Сатториён, ки ба ҷойи Ширин Исматуллозода ба мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон омад, то ин дам раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Акнун Сатториён ба истилоҳи маъмул ба унвони муовини сарвазир "куратори идеология" хоҳад буд.

Акс: саҳфаи Сатториён дар Фейсбук

Сатториён Матлубахон Амонзода 48 сол дорад. 19 сентябри соли 1972 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Соли 1994 аз риштаи забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фориғ шудааст. Номзади илмҳои филологӣ, дотсент аст. 

Дар маҷлиси чорум, ки ҳанӯз 38 сол дошту дар мақоми раиси Кумитаи занону оилаи вилояти Суғд кор мекард узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Он замон гуфта мешуд, ки ин тасмим роҳи Матлубахонро дар сиёсат ҳамвортар мекунад. Баъдҳо дида шуд, ки Сатториён шаҳрҳои муҳими саноатии вилояти Суғдро низ раҳбарӣ кард.

Дар вазифаҳои раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд (2008-2011), раиси шаҳри Истиқлол (2011-2014) ва раиси шаҳри Гулистон (2014-2018)-и ин вилоят кор кардааст. Оиладор, ду фарзанд дорад.

Корро дар Донишгоҳи Хуҷанд ба сифати танзимгар оғоз карда, дар ин боргоҳи илму таълим устоди риштаи забони тоҷикӣ низ буд.

Усмоналӣ Усмонзода: аз ҳукумат ба ҳукумат

Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ бо собиқаи 7-солаи вазирӣ дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон акнун ба муовинати сарвазири Тоҷикистон расид. Аз чеҳраҳоест, ки дар замони вазири энержӣ буданаш  чархаи нахустину дувумини бузургтарин тарҳи энержии Тоҷикистон  - неругоҳи “Роғун” ба кор андохта шуд.

Ин чеҳраи куҳнакори 61-солаи ҳукумат, ки номзади илмҳои техникӣ аст, 13 сентябри соли 1959 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро соли 1982 дар риштаи муҳандиси барқ хатм кардааст. Давраи таҳсили аспирантураро солҳои дар 1985-1988 дар Донишкадаи энергетикии Маскав ба поён расонидааст.

Солҳои 1991-1996 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба унвони устоди  кафедраи ноқилҳои барқӣ ва низоми идоракунии худкор ва муовини садорати факултет кор кардааст.

Солҳои 1997-1999 Директори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи энерегтикаи ноҳияҳои тобеъи марказ, 1999-2001 муовини Директори генералии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, 2001-2003 Сардори Раёсати сиёсати энергетикии Вазорати энергетика, 2003-2009 муовини Директори «Маркази идораи лоиҳаҳои соҳаи энергетика» -и Тоҷикистон ва 2009-2013 Директори ин марказ буд.

Бо Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт
Акс: Сафоарти ИМА дар Душанбе

20 ноябри 2013 баъди ташкили ҳукумати нав дар Тоҷикистон ба мақоми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон расид, ки то поёни кори ин ҳукумат курсии вазораташро нигоҳ дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.