Имрӯз, 10 декабр дар Душанбе таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи навбатии муштараки ҳар ду палатаи парлумон баргузор мешавад, ки дар он фармонҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз 4 ноябр дар бораи таъини аъзои ҳукумат баррасӣ мешаванд.

Вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки имрӯз парлумон бидуни шакку шубҳа аъзои нави ҳукуматро тасдиқ хоҳад кард.

“Ман шахсан ба дурустии интихоби президент дар таъини аъзои нави ҳукумат, сатҳи касбият ва салоҳиятнокии онҳо шубҳа надорам, лекин мисли аксарияти аҳолии Тоҷикистон ба онҳо баъзе саволҳо дорам”, - қайд кард вакил.

Ба ақидаи ӯ, имрӯз вақти он фаро расидааст, ки аз роҳбарони вазорату идораҳо бипурсем, ки дар ҳалли масоили марбут ба болоравии нархҳо дар ҳама соҳаҳо, маълумоти шубҳаноки оморӣ, андозбандӣ, баргузории тафтишоти мунсифонаи парвандаҳои ҷиноятӣ ва баҳсҳои судӣ, дастрасӣ ба кумаки тиббӣ ва ғайра чӣ назаре доранд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати пешинаи раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон 30 октябр аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон пас аз маросими савгандёдкунӣ ба истеъфо фиристода шуд. Ҳайати нави ҳукумат 4 ноябр таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.