Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 январ ба президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо бинобар суқути ҳавопаймо ва талафоти зиёди ҷонӣ дар пайи он барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад, ки “хабари суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Индонезия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд”.

“Дар иртибот ба ин фоҷеаи вазнин ба Шумо ва мардуми дӯсти Индонезия ҳамдардии амиқи ин ҷонибро иброз дошта, ба наздикону пайвандони қурбоншудагон сабри ҷамил хоҳонам», - омадааст дар барқия.

Ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737-500-и ширкати ҳавопаймоии Sriwijaya Air-и Индонезия рӯзи 9 январ чанде баъд аз парвоз аз фурудгоҳи Ҷакарта ба садама дучор шуд. Ба гуфтаи вазири нақлиёти Индонезия, дар ҳавопаймо 12 аъзои сарнишинон ва 50 мусофирон, аз ҷумла 10 нафар кӯдакон ҳузур доштанд.

Пас аз 4 дақиқаи парвоз алоқаи ҳавопаймо бо танзимгарон (диспетчерҳо) қатъ мешавад. Ҳавопаймо ба самти шаҳри Понтианак дар ҷазираи Борнео равона буд.

Хадамоти наҷотбахшии Индонезия изҳор доштааст, ки шикаста пораҳои ҳавопаймои ба садама дучоршударо дар баҳр дарёфт кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.