Маъруф Муҳаммадзода  шаҳрдори пешини  Хуҷанд  баъди ду моҳи барканори аз мақоми раиси шаҳри  Хуҷанд  дар ҳукумати вилояти Суғд мансаби нав гирифтааст.  Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия плюс” хабар доданд.

Як манбаъ аз ҳукумати вилоят гуфт, ки рӯзи душанбе, 18.01.2021  Маъруф Муҳаммадзода мудири  бахши  сохтмони дастгоҳи раиси вилояти Суғд  таъин гардидааст. Ин бахш аз мансабҳои калидӣ дониста мешавад, ки бино ба навиштаи торнамои ҳукумати вилоят ваколатҳои зиёде дорад. 

Маъруф Муҳаммаадзодаи 59- сола  аз моҳи марти соли 2017 шаҳрдори Хуҷанд буд, ки 18-уми ноябри соли 2020 дар паи тағйироти барканор шуда буд.

Маъруф Муҳаммадзода  Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро дар риштаи муҳандиси  сохтмон  хатм карда, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Аз ҷумла ӯ солҳои 2003 – 2005 муовини Раиси кулли ҶСК «Суғдсохтмон»-и шаҳри Хуҷанд,  солҳои 2005 – 2011 директори ҶСК «Калоннаи сайёри механиконидашудаи 119»-и шаҳри Хуҷанд, солҳои 2011 – 2014 муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2014 – 2015 мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2015-2017  муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва то 18-уми ноябри соли 2020 дар мақоми  раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.