Дар маҷмааи “Кохи Борбад” ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсарони артиши ҷумҳуриро бо ин ҷашн табрику таҳният гуфт.

Президент аз насли кунунии хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ба анъанаҳои неки гузаштагони худ идома бахшанд. Сохторҳои давлатии марбута вазифадор шуданд, ки тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастиву ватандӯстӣ тақвият диҳанд.

Қариб ҳамаи ҳозирини толор сарулибоси низомӣ дар бар доштанд. Сарулибоси низомӣ ҳамеша зебост. Ба суратгузориши мо нигаред.

1/48

Айни замон Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал ва хушкигард, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.

Тибқи нақшаи ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар, моҳи сентябри соли 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ гузашти низомии пуршукӯҳ доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.