Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25 феврал  “Дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии ҶТ” фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамчунин андозаи стипендияҳои магистру аспирант ва докторантҳо низ зиёд карда мешаванд.

“Аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ), инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад”, - омадааст дар фармони сарвари давлат.

Гуфта мешавад, ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

Қобили зикр аст, ки айни замон донишҷӯёни аълохони мактабҳои олии ҷумҳурӣ 239 сомонӣ, миёна – 173 сомонӣ ва паст – 64 сомонӣ стипендия мегиранд.

Барои аспирантҳо 564 сомонӣ стипендия муқаррар шуда, маблағи стипендияи президентӣ барои донишҷӯён ба 942 сомонӣ баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.