Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон аз баргузории интихоботи миёндаврӣ ба палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ дар ҳавзаҳои интихоботии Ҷаббор Расулов, Деваштич, Балхӣ ва Вахш хабар медиҳад.
Дар интихоботи рӯзи 18 апрел баргузоршуда ба ҷойи вакилони хориҷшуда инҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шуданд: Файзулло Қосимӣ, муовини аввали раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов - аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов; Комрон Исмоилиён Комрон, фаъоли ҲХДТ - аз ҳавзаи интихоботии Деваштич; Ҳуснигул Одиназода, фаъоли ҲХДТ - аз ҳавзаи интихоботии Балхӣ ва Мунаввар Абдусаломзода, ҳамчунин фаъоли ҲХДТ - аз ҳавзаи интихоботии Вахш.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли гузашта раиси Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумон, вакил аз ҳавзаи интихоботии Деваштич Зуфар Исмоилзода бинобар сабаби таъин шудан ба вазифаи раиси КИМ ҲХДТ дар вилояти Суғд ваколатҳояшро дар парлумон супурд.
Ҳамчунин қаблан моҳи июни соли 2020 Ҳоким Холиқзода аз ҳавзаи интихоботии Балхӣ ба мансаби муовини раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ таъин шуда, ваколатҳояш дар парлумон қатъ шуд. Нимаи моҳи ноябр президент ӯро раиси Бонки миллӣ таъин кард.
Намояндаи дигари ҲХДТ Бахтовар Сафаров аввали моҳи октябри соли гузашта намояндаи доимии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъин шуда, дар ин робита парлумонро тарк кард.
Баҳодур Акрамзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов низ бо сабаби таъин шудан ба вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон ваколатҳояшро дар парлумон қатъ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста