Ба ҷуз вазъи марбут бо коронавирус дар Тоҷикистон дар маҷлиси рӯзи 30 июни ҳукумат инчунин дигар масоили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла дар кори маҷлис нахуст масъалаи Нақшаи кори ҳукумат дар нимсолаи дуюми соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, таъкид гардид, ки дар нақшаи корӣ аз тарафи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар нимсолаи дуюми соли 2021 дар маҷмуъ 8 масъала ва 6 чорабинии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пешниҳод гардидааст.

Сипас ҳисоботи вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумори чорвои зотӣ ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, моҳӣ, асал, инчунин соҳаи саноат бо ашёи хом ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот шунида шуд.

Сурат: хадамоти матбуоти президенти ҶТ

“Раванди омӯзиш ва таҳлили Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 собит намуд, ки бо дастгирии ҳукумат ва татбиқ гардидани имтиёзҳои додашуда ба рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ мусоидат намуда, дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои барномаи мазкур дар солҳои 2018-2022 ба 116 фоиз баробар гардидааст”, - гуфт вазир.

Вазири кишоварзӣ изҳор дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ дар давраи солҳои 2018-2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои саршумори чорвои калон, бузу гӯсфанд, асп, паранда, истеҳсоли шир, гӯшт, тухм, моҳӣ ва асал марҳила ба марҳила афзун гардидааст, ки нисбати дурнамои Барнома зиёд мебошад.

Дар маҷлис инчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо баррасӣ ва ба парлумон фиристода шуда, инчунин боз масоили зерин беррасӣ шуд:

Стратегия дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030;

Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030;

Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030;

Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024;

Таъсиси муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

... ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Дар фарҷом президенти мамлакат ба сохторҳои марбута ва масъулин оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили ғалладонагиҳо, мевагӣ, сабзавот ва полезиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи зимистонгузаронӣ дар кишвар супоришҳо дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.