Бо дастури раиси шаҳри Душанбе дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе кумаки якдафъаинаи молиявӣ расонида мешавад.
Дар қарори раиси пойтахт гуфта мешавад, расонидани кумаки молиявӣ ба шахсони дар боло зикршуда аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сурат мегирад.
Таъмини иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раисони ноҳияҳои пойтахт вогузор шудааст.
Ба иттилои як манбаи “Азия-Плюс дар шаҳрдории пойтахт, ҳоло маълум нест ба ҳар кадоме аз шахсони гурӯҳҳои дар боло зикршуда чӣ миқдор кумаки молиявӣ дода мешавад.
“Ҳамааш ба он вобаста хоҳад буд, ки аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ чӣ қадар маблағ ҷамъоварӣ мешавад”, - иброз дошт манбаъ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста