Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯз 11 декабр ба унвони кантслери нави федералии Олмон Олаф Шолтс ва собиқ кантслери ин кишвар дар солҳои 2005-2021 Ангела Меркел барқия ирсол намуд.

“Бо хотироти нек аз мулоқоту сӯҳбатҳое, ки тайи солҳои гузашта бо Шумо доштам, мехостам таъкид намоям, ки мо нақши Хонуми Олиҷоҳро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Олмон муҳим арзёбӣ карда, ба хизматҳои Шумо дар ин ҷода арҷгузорӣ менамоем”, - омадааст дар барқия ба унвони Меркел.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, президенти Тоҷикистон ба собиқ кантслери Олмон барои дӯстии самимӣ, ҳусни эътимод ва ҳамкории пайваста тайи фаъолияти самарабахш сипоси амиқ баён дошта, изҳори умед кардааст, ки анъанаҳои равобити ҳасана ва шарикии байни кишварҳо минбаъд низ рушд ёфта, арсаҳои нави ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро фаро хоҳанд гирифт.

Дар барқияи табрикӣ ба унвони кантслери нави федералии Олмон Олаф Шолтс зикр мешавад: “Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Олмон, яке аз кишварҳои калидии Иттиҳоди Аврупо мебошад”.

Дар барқия гуфта мешавад, дар ин замина Тоҷикистон хоҳони вусъати бештар бахшидан ба таъмиқу тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Кантслери нави федералии Олмон 8 декабр дар ҷаласаи бундестаг (парлумон)-и Олмон интихоб шуд. Ӯ пешвои сотсиал-демократҳои ин кишвар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.