Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9 феврал дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ташаккули буҷети вилоят дастуру супоришҳо дод.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суханронӣ ӯ зикр кард, ки бо вуҷуди 105,8 фоиз иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, иҷрои нақшаи на ҳама намудҳои андоз пурра таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет беш аз 104 млн сомонӣ маблағ ворид нашудааст.


Бинобар ин, масъулони соҳа ва роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз сарвари давлат супориш гирифтанд, ки дар самти ташаккули буҷети маҳаллӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои қатъӣ андешида, то нимсолаи якуми соли 2022 аз қабули буҷети иловагӣ худдорӣ намоянд.


Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят 3,3 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,1 млрд сомонӣ сармояи мустақим ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2020 мутаносибан 2 ва 2,3 баробар зиёд мебошад.


Зикр шуд, ки дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳоло татбиқи боз 19 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 2,3 млрд сомонӣ азхуд шудааст.


Вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ зарур шумурда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва эмгузаронии пурраи гурӯҳҳои мақсадноки аҳолии вилоят вусъат дода шаванд.


Дар байни аҳолӣ корҳо дар самти пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб густариш бахшидан, ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кардани ҷавонон ва дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия кардани онҳо аз вазифаҳои муҳимми роҳбарону фаъолон номида шуд.


Вобаста ба ин, ба ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо чораҳои мушаххас андешанд.


Қобили зикр аст, ки рӯзи 9 феврал президент аз шаҳри Гулистон боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун ҳузур дошт. Охири рӯз ӯ дар “Боғи миллии Ваҳдат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Фестивал-намоиши чорвои хушзот, чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, шутур барои шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ иштирок кард.

1/17

Дар ин намоиш даҳҳо намуди чорвои калон, гӯсфанду буз, асп, шутур, шутурмурғ, кабк, мурғи ҳилол, фазан, моҳӣ, хӯрокиҳои омехтаи чорво ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.

Суратҳо аз хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.