Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23-май дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, ҷавонони кишварро бо ин ҷашн табрику таҳният гуфт.

“Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар менамоянд”, - гуфта мешавад дар Паёми шодбошии президент ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

Сарвари давлат дар паёми худ зикр мекунад, ки “таърихи даврони соҳибистиқлолӣ возеҳ нишон медиҳад, ки ин нерӯи созанда сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакатро ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд ва дар раванди татбиқи он саҳми арзанда мегузорад, яъне дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дорад”.

Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишварро “ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату ҳукумат” номида, зикр кард, ки онҳо “дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ мебошанд”.

“Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир мебошанд, талаботи асри навинро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои навтаринро аз худ менамоянд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд ва саъю талош доранд, ки ба ин васила дар раванди ободонии Ватан ва пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд”, - омадааст дар паёми президент.

Ба гуфтаи сарвари давлат, ҷавонон имрӯзҳо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва рисолати миллии хешро содиқона иҷро мекунанд ва ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории миллии тоҷикон дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши бузург доранд.

Ӯ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки ҳукумати мамлакат бо дарназардошти саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва давлат барои дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо то ба имрӯз аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.

Зикр шуд, ки ҷз ҷумла тавассути барномаҳои давлатӣ маблағгузорӣ кардани фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияҳои Президенти Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи он, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», квотаҳои президентӣ барои ҷавондухтарону ҷавонписарони ноҳияҳои дурдаст, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президент, ҷавонгардонии сиёсати кадрӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, азнавсозӣ ва ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳанг, сохта ва ба истифода супоридани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, сохтмони ҳазорҳо муассисаи таълимӣ – мактабу донишгоҳҳо, инчунин, китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, иншооти варзиши ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва ба ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ барои ҷавонон ва тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.

“Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам таҳким бахшидани мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ва ҳаллу фасли масъалаҳои онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда минбаъд низ талош хоҳад кард, - омадааст дар паём. - Яъне бо афзоиш ёфтани имкониятҳои иқтисодии кишвар мо минбаъд низ раванди дастгирии ҷавононро идома медиҳем ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои кору зиндагии онҳо мунтазам чораҷӯӣ мекунем”.

Гуфта мешавад, дар баробари ин, имрӯз аз ҷавонони мо пеш аз ҳама зиракии сиёсӣ, дониши амиқ, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳиро тақозо намуда, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату миллат ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб мешавад.

“Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед”, - таъкид мешавад дарпаёми сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздашон гузошташуда сарбаландона баромада,минбаъд низ дар ҷодаи ободонии Тоҷикистон ва пешрафта гардонидани давлат содиқона хизмат мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.