Дирӯз, 13 июл дар мақомоти додгоҳӣ ва соҳаи маориф ва илми кишвар тағйроти кадрӣ сурат гирифт. Дар пайи ин тағйирот, Мавлуда Қаландарзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ ва муовини ӯ Файзалӣ Комилӣ аз мақом бозхонд шуданд.

Тавре Хадамоти матбуотии прзиденти кишвар хабар медиҳад, ба ҷои Қаландарзода, номзадии Рустам Мирзозода ба ҳайси раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ ва Комилӣ Файзалӣ ба ҳайси муовини якум ва Азизбек Хайриддинзода муовини раиси ин додгоҳ ба Маҷлиси олии кишвар пешниҳод гардидааст.

Ҳамчунин, бо қарорҳои дигар, Рустам Мирзозода аз вазифаи раиси додгоҳи вилояти Хатлон, Абдураҳмон Ёқубзода - аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Бохтар, Шамсиддин Иброҳимзода - аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон, Иноятулло Ғуломзода - аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Далер Холиқмуродзода - аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи шаҳри Душанбе, Темур Ҳафиззода  - аз вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, Улуғбек Шӯҳратзода - аз вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, Хуршед Маҳмадзода - аз вазифаи муовини раиси додгоҳи ноҳияи Сино, Зарина Солеҳзода - аз вазифаи муовини якуми раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчунин, Азизбек Хайриддинзода аз вазифаи раиси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон ва Ҷонфидо Одиназода аз вазифаи додраси ин додгоҳи аз вазифа озод шуданд.

Сабаби бозхонди додрасҳо аз мансаб “гузаштан ба вазифаи дигар” гуфта мешавад.

Ҳамин тариқ, бо қарорҳои дигари раисҷумҳури Тоҷикистон Одиназода Ҷонфидо ба вазифаи додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ, Бекзода Абдураҳим, Иноятулло Ғуломзода, Абдураҳмон Ёқубзода, Шамсиддин Иброҳимзода, Хуршед Маҳмадзода, Зарина Солеҳзода, Тоҷиддин Усмонзода, Темур Хафиззода ва Далер Холиқмуродзода - ба вазифаҳои додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон интихоб ва барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси олӣ пешниҳод шудаанд.

Дар пайи тағйиротии дирӯза, ҳамчунин, роҳбари Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии илмҳо Боймурод Шарифзода бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақомаш барканор шуда, ба ҷои ӯ Фарангис Шарифзода, духтари адабиётшиноси маъруф Худоӣ Шарифзода роҳбари ин ниҳоди илмӣ таъин гардид.

Бо қарорҳои дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод гардида, ба ҷои ӯ, Хайрулло Назарзода мудири ин донишгоҳ таъин гардид.

Ҳамчунин, Замира Рустамзода директори «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Бӯстон таъин шуд. Ӯ то ин дам муовини директори ин мактаб буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.