Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон имрӯз, 7-уми август, бо нафароне, ки дар ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъин гардиданд, суҳбат намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, Раҷабзода Насимҷон Холмурод бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якум-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.
Ҳикматулло Пиракзода, ки то ин замон дар вазифаи сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд фаъолият дошт, муовини якум-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Умарзода Умар Сафар бошад, сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд таъин карда шуд.
Ҳамчунин, муовини дигари Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахт Кишваршо Султон, ки масъули хадамоти кашф буд, низ аз вазифа озод карда шуд.
Ба ҷойи ӯ Шоҳвализода Тоҷиддин Саидро таъин гардид.
Гуфта мешавад, ки кадрҳои нав аз ҳисоби афсарони соҳибтаҷриба, хатмкардагони ду муассисаи олии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дорои маҳорати хуби фармондеҳиву ташкилӣ, содиқу корозмуда таъин гардиданд.
Аҳмадшоҳ Комилзода ва Абдулфайз Атоиро ҳам ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2025
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд
Пули муфт. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад дар лоиҳаҳои карбогидратҳо миллионҳо ба даст орад?
Табодули асирон ва талош барои мулоқоти Путину Зеленский. Натиҷаи музокираи Русияву Украина дар Истанбул
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста