Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо муовини сарвазир оид ба кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайхун, Шаҳритус ва Қубодиён сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Сарвари давлат ҳисоботи онҳоро оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ ва омодагӣ ба мавсими зимистон дар вилояту ноҳияҳои зикршуда шунидааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба муовини сарвазир оид ба кишоварзӣ ва роҳбарони вилояту навоҳии мазкур супориш додааст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими зимистони солҳои 2023-2024 чораҳои зарурӣ андешанд, гуфта мешавад дар гузориш.
“Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомот ва ноҳияҳои зикршударо вазифадор намуданд, ки доир ба омодагӣ ба зимистони дарпешистода, пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”, - омадааст дар хабар.
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи дар ҳар як оила захира кардани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид кардааст.
“Духтарон бояд босавод шаванд”. Нахустнамоиши филми тасвирӣ
Фохтак ё Мусича. Парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон интихоб шуд
ФФТ: Роналду виза гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон меояд
Аз тағйири номи маҳалҳо дар Бадахшон то “Сарбозшикор”-у тиҷорати Абдумалик Абдуллоҷонов
72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 5 соли зиндон. Дар Тоҷикистон ҷазо барои рақамҳои қалбакӣ сахттар шуд
Бек Сабур алайҳи Илон Маск. Кадоме аз онҳо зудтар дар Тоҷикистон интернети босуръатро фароҳам меоранд?
Русия зодаи Тоҷикистонро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кард
Чаро сокинони Тоҷикистон ба назди фолбину ҷодугар мераванд?
То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд
Нурсултон Назарбоев бори аввал эътироф кард, ки зани дуюм дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста