Мақомоти шаҳри Душанбе истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар назди собиқ бинои телевизиони “Сафина” аз байн бардоштанд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ин тасмим баҳри беҳтар намудани ҷараёни ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр рӯйи даст гирифта шудааст.

Ба гуфтаи намояндаи шаҳрдорӣ, қитъаи роҳи аз Театри опера ва балет то майдони “Дӯстӣ” аксар вақт танба мешуд. Яке аз сабабҳо танбашавӣ аз ҷумла таксиҳои ғайриқонунӣ фаъолиятдошта ё ба истилоҳ “10 сомона” мебошад, ки дар истгоҳ манъ карда, ба ҳаракати  дигар воситаҳои нақлиёт дар ин  роҳ монеъа эҷод мекард.

“Бо ҳамин сабаб ҳолатҳои танбашавии нақлиёт ба вуҷуд меоад. Тасмим гирифта шуд, ки ин истгоҳ канда шавад, то ки сарбории воситаҳои нақлиёт дар ин қитъаи роҳ камтар карда шавад”, - шарҳ дод як манбаъ дар шаҳрдорӣ.

Ҳоло маълум нест, ки дар ин қитъаи роҳ истгоҳи нав месозанд ё не. 

Қобили зикр аст, ки дар қафои истгоҳи зикршуда, дар ҷойи бинои телевизиони “Сафина” сохтмони маркази тиҷоратии нав ҷараён дорад. Ёдрас мекунем, ки тахриби бинои собиқи телевизини “Сафина” соли гузашта оғоз гардида, шабакаи телевизион ба ҷойи нав - наздикии маркази савдои “Душанбе Молл” кӯчид.

Дар ҷойи бинои собиқи телевизиони “Сафина” маркази тиҷоратӣ сохта мешавад. Аз расмҳо дар панҷараи гирду атрофи сохтмон маълум мешавад, ки он аз се бинои бо ҳам пайваст ва як бинои алоҳида иборат аст. Бидуни чор ошёнаи аввал, биноҳо аз 8, 10 ва 12 ошёна иборатанд. Дар ошёнаҳои 2, 3 ва 4-ум айвонҳо мавҷуданд. Гирду атроф ва айвонҳои кушод сабзпӯшанд.

Тарҳи маркази тиҷоратии нав

Бинои собиқи телевизиони “Сафина” соли 1933 сохта шуда, аввалин кинотеатри зимистонаи ба номи Горкий дар Душанбе буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ин ҷо “Союздетфилм” ва киностудияи Тоҷикистон ҷойгир шуда буданд. Солҳои 60-уми асри гузашта дар ин ҷо Филармонияи давлатӣ фаъолият дошт. Аз соли 2005 бино ба ихтиёри шабакаи навтаъсиси телевизиони “Сафина” дода шуд.

Ба ҷуз худи бино, аҳли ҷомеа ба наққошии девории сангӣ (фреска)-и “Шашмақом” дар намо (фасад)-и бино низ таваҷҷуҳи зиёд доштанд. Ширкати паймонкори маркази тиҷоратии нав ваъда дода буд, ки мозаика (наққошӣ дар санг) ё худ фрескаи таърихии “Шашмақом” дар собиқ бинои телевизиони “Сафина” боқӣ монда, он дар ҷойи нав гузошта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.