Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост, Лео XIV барқияи табрикӣ ирсол намуд.

“Сарфарозам ба Шумо табрикоту таҳнияти самимии хешро ба муносибати интихоб гардиданатон ба ҳайси Попи Рум, роҳбари тамоми Калисои католикӣ иброз намоям. Итминон дорам, ки Тахти муқаддас таҳти ҳидоятҳои бунёдкоронаи Шумо дар роҳи татбиқи фарогири усулҳои сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ, ризоияти умум, пешбурди арзишҳои умумибашарӣ ва муколамаи миёни тамаддунҳо   минбаъд ҳам саҳми босазо гузошта, мақому манзалати хоссаи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким хоҳад бахшид.”, - омадааст дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон дар барқия ҳамчунин зикр кардааст, ки “Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди густаришу тавсеаи робитаҳои ҳасана бо Ватикан дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошад”.

Роберт Фрэнсис Превост аввалин амрикоист, ки ба ҳайси Попи Рум, роҳбари тамоми Калисои католикӣ интихоб шуд. Ӯ зодаи ИМА буда, 69 сол дорад, лекин қисмати бештари умри худро дар Перу паси сар кардааст.

Дар нахустин изҳороти худ пас аз интихоб ӯ вазъи кунуиро дар ҷаҳон “Қисм-қисм Ҷанги сеюми ҷаҳон” номида, ба ҳалли даргирӣ дар Украина ва қатъи фаврии оташбас дар Навори Ғазза даъват кард.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Фридрих Мертсро ба муносибати ба мансаби садри аъзам (кантслер)-и Олмон интихоб шуданаш табрик кард.

Бар ин боварам, ки бо саъю талошҳои муштараки созанда мо метавонем ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани мазмуну мундариҷаи шарикии гуногунҷанбаи ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тадбирҳои бештар амалӣ андешем”, - зикр мешавад дар барқия.

“Бо истифода аз ин фурсат мехоҳам алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба  густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарогир бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон бори дигар таъкид намоям. Дар ин замина мо аз идомаи босамари муколамаи сатҳи олӣ ва баланди ду кишвар дар соҳаҳои  мавриди таваҷҷуҳи тарафайн истиқбол мекунем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.