Душанбе. 19 апреля. «Азия-Плюс» - | Мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шахсияти чанд тан аз террористони узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло), ки рӯзи 15 апрел дар натиҷаи гузарондани амалиёти махсус дар водии Рашт кушта шудаанд, маълум кард.

Тавре ба «АП»  сардори Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Нозирҷон Бӯриев хабар дод, то ба имрӯз шахсияти нафарони зайл маълум карда шуд:

Сулаймоншо Маҳмадшоев, соли таввалудаш1975, сокини қишлоқи Шули ноҳияи Рашт, Аёмиддин Маннонов, мулаққаб ба Умар, соли таввалудаш 1981, сокини қишлоқи Шербегиёни нохияи Нуробод, Манучеҳр Маннонов, соли таввалудаш 1988, сокини қишлоқи Шербегиёни ноҳияи Нуробод, Давлат Нуриддинов, соли таввалудаш 1969, сокини қишлоқи Шербегиёни ноҳияи Нуробод, Муҳаммади Давлатҷон,муллақаб ба Холид,соли таввалудаш 1994, сокини қишлоқи Шербегиёни ноҳияи Нуробод, Шарипов Маҳдӣ, соли таввалудаш 1988, сокини қишлоқи Шербегиёни ноҳияи Нуробод, Лутфулло Муродов, соли таввалудаш 1992, сокини қишлоқи Шербегиёни ноҳияи Нқробод, Меъроҷиддин Муродова, мулаққаб ба  Абдулвосит ва Мирзоаҳмад Маҳмадов, мулаққаб ба Хушвақт,сокинони ноҳияи Нуробод.

Чанде пеш шахсияти Абдулло Раҳимови 61 сола, мулаққаб ба Мулло Абдулло низ таъин карда шуд.

Таъини шахсияти дигар террористони кушташуда аз ҷониби мақомоти қудратӣ дар ҷои ҳодиса идома дорад.

Ба иттилои Бӯриев дар ҷои будубоши муввақатии террористони кушташуда миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва таҷҳизоти тарканда, китоб ва варақаҳои таблиғотӣ, нақшаи омодагӣ ба амалиёти терористӣ, маълумотномаҳо дар барои омода кардани маводи тарканда, истифодаи аслиҳаи оташфишон ва маводи тарканда, инчунин маводи озуқа, генератор барои таъмини қувваи барқ,  15 балони газӣ, ҳезум ва дигар маводи рӯзгузаронӣ кашф  карда шуданд. Намояндаи Кумитаи амнияти милли кишвар овозаи ширкат доштани зан миёни террористонро беасос унвон кард.

Дар натиҷаи амалиёти вижаи нерӯҳои қудратӣ, ки давоми чор рӯз дар ноҳияи Рашт гузаронда шуд, террористи байналмиллалӣ - Мулло Абдуллои 61 сола ва 16 ҷонибдори ӯ кушта шуданд.

Ҷангҷӯён дар минтақаи баландкӯҳӣ, тақрибан дар 50 километрӣ аз маркази ноҳияи Рашт кушта шуданд.

Дар доираи гузарондани амалиёт ду тан аз аҳолии осоишта, ки довталабона ба нерӯҳои қудратии кишвар кӯмак мерасонданд кушта шуда ду корманди милиса захм бардоштанд. Дар амалиёти махсус чархболҳои низомӣ ва дигар лавозимоти харбӣ истифода бурда шуд.

Бар тибки иттилои ВКД, Мулло Абдулло давоми 10 сол дар пайгарди байналхалқӣ қарор дошт.  Ӯ дар ҳамлаи чандкарата ба шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Рашт (солҳои 1992 то 1997) ва содир намудани дигар ҷиноятҳо муттаҳам дониста мешавад.

Дар қатори ҷинояти ахир  ҳамла  ба корвони Вазорати дифои Тоҷикистон дар дараи Камароби ноҳияи Рашт, таърихи 19 сентябри соли 2010, ки дар натиҷа 28 афсар ва аскари артиши миллӣ ба ҳалокат расиданд, маҳсуб мегардад.

Тибқи иттилои расмӣ дар ин ҳамла инчунин  Аловуддин Давлатов, мулақаб ба Али Бедакӣ  ширкат дошт, ки таърихи 4 январи соли 2011 бо ҳамроҳонаш  дар Рашт кушта шуданд.