Душанбе. 26-уми август. «Азия-Плюс» — Рӯзҳои 23-24 август ҳайати Британияи Кабир бо роҳбарии ёвари сардори штаби Қувваҳои мусаллаҳи Британия (амалиётҳои таъминотӣ) Витсе-Маршали Қувваҳои ҳавоӣ Граҳам Ҳовард ба Тоҷикистон ташриф овард. Ҳайат, ки онро сафири Британия Кабир Тревор Мур ҳамроҳӣ намуд, бо сардори Штаби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Равил Нодиров ва муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов вохӯрӣ намуд.
Тавре аз бахши робита бо матбуоти сафоратхонаи Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсади ташрифи ҳайат ин таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба миёни Ҳукуматҳои Британия Кабир ва Тоҷикистон дар самти низомӣ ва сиёсӣ буд.
«Ҳангоми вохӯриҳо масъалаи вогузор намудани масъулияти Британия дар Афғонистон ба дӯши қувваҳои амниятии кишвар, ҳамчунон фаъолияти қувваҳои мусаллаҳи Британия дар ин кишвар баъди соли 2015-ум, вақте ки шумораи ками қувваҳои низомӣ боқӣ мемонанд, то ки шарикони Афғони хешро омӯзонанд ва раҳнамоӣ кунанд, низ муҳокима гардид», - гуфтанд дар сафорат.
Ба иттилои манбаъ, сасъалаи вазъи минтақа ва зарурияти ҳамкории зичи Ҳукумати Британия Кабир ва Тоҷикистон баҳри кӯмак ба Афғонистон низ мавриди сӯҳбат қарор гирифт.
Зикр гардид, ки ҷонибҳо зарурияти муҳим будани раванди истиқрори сулҳи Афғонистонро барои Тоҷикистон ва саҳми қувваҳои иттилофи зидди террористиро дар ин раванд қайд намуданд.
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт
Аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” то “Тоҷикаэронавигатсия”. Кумитаи андоз андозсупорони беҳтаринро эълон кард
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард
“Озод ва сабук кунед”. Ду талаби вакилони муттаҳамон ба парвандаи “табаддулоти давлатӣ”
Ҳамла ба “Крокус”. Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, 27 нафар гумонбаранд
Аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар мақоми 121-ум қарор дорад
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста