Дар нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов хабари ба худкушӣ даст задани боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро тасдиқ намуд.
«Чунин далел мавҷуд аст. Пас аз баргузории санҷишӣ дохилӣ як нафар корманди тавқифгоҳи муваққатӣ, ки ба иллати хунукназарии ӯ боздоштшуда даст ба худкушӣ задаст, аз кор ронда, боз як нафари дигар аз мансаби ишғолкарда озод ва як нафари дигар ҷазои қатъии маъмурӣ гирифт», - гуфт Раҳимов.
Ба саволи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин хусус, ки чаро корманди ба хунукназарӣ роҳдодаи тавқифгоҳ, ки боиси марги боздоштшуда гардидааст, танҳо аз кор ронда шудаасту халос, вазир посух дод, ки танҳо «риоя накардани ӯҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби корманд ошкор шудааст», ки ин амали барои ҷамъият хатарнок намебошад.
Дар ҳамин ҳол, ба яке аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи вилояти Суғд маълумоте расидааст, ки дар он гуфта мешавад, боздоштшуда ба гумони даст доштан дар дуздӣ пас аз рафтори бераҳмонаи кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ нисбат ба ӯ даст ба худкушӣ задааст.
Вазири корҳои дохилӣ зикр кард, ки минбаъд нисбат ба кормандоне, ки дар муносибат бо боздоштшудагону гумонбаршудагон методҳои ғайриқонуниро истифода мебаранд ё рафтори бераҳмонаро раво мебинанд, чораҳои қатъитар хоҳад андешид. «Мо ният дорем, ки дар ҳар як шӯъбаи корҳои дохилӣ низоми мушоҳидаи видеойӣ насб созем», - афзуд Раҳимов.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста