Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Вазорати дифои Тоҷикистон мошини безараргардонӣ аз минаҳои Mini Mine Wolf-ро тақдим намуд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафири ИМА Кен Гросс ва Ҷонишини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Грудына дар маросими расмии ба Вазорати дифоъ тақдими мошини безараргардонӣ аз минаҳо Mini Mine Wolf суханронӣ намуданд.
Барои дастгирии кӯшишҳои безараргардонии қаламрави Тоҷикистон аз минаҳо ва таъмини амнияти шаҳрвандони он сафорати ИМА дар якҷоягӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тоҷикистонии оиди масоили минаҳо ҳамкории зич намуданд.
Дар давоми ду соли охир Вазорати мудофиа мошини безараргардонӣ аз минаҳо Mini Mine Wolf-ро аз Ҳукумати ИМА ба иҷора гирифта, онро барои безараргардонии минтақаҳои наздисарҳадӣ мавриди истифода қарор дод. Акнун Тоҷикистон соҳиби дастгоҳи аз масофаи дур идорашавандаи безараргардонӣ аз минаҳо мешавад. Мошини безараргардонии бо арзиши 1 миллион доллари ИМА ҷараёни бехавфи безараргардониро бо дақиқате таъмин менамояд, ки қаламрави тозашуда бидуни санҷиши иловагӣ ҳамчун "тозашуда" сертификатсия дода шуда метавонад.
Илова бар ин дастгоҳи тақдимшуда САҲА коршиносони фаннии барои ҳамоҳангсозии истифодаи беҳтарини дастгоҳи мазкур заруриро таъмин менамояд.
Харидорӣ ва тақдими мошинаи безараргардонӣ аз минаҳо аз ҷониби Барномаи Ҳукумаи ИМА оид ба маблағгузории сохторҳои ҳарбии хориҷӣ маблағгузорӣ шуда аз ҷониби Бахши Сафорати ИМА оид ба ҳамкории ҳарбӣ ҳамоҳанг карда шуд.
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста