Кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар тайёр намудан ва сохтакории шиносномаҳо барои аъзои гурӯҳҳои ҷиноятпешаи созмонёфта ду нафарро боздошт карданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, боздоштшудагон – сокини 35-солаи шаҳри Ваҳдат Неҳру Ғафуров ва сокини 39-солаи ноҳияи Файзобод Аҳлиддин Ёқубов дар тайёр намудани шиносномаҳои қалбакӣ барои аъзои гурӯҳҳои ҷиноии таҳти пайгарди қонунӣ қарордошта гумонбар дониста мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта дар ҷараёни амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Душанбе аъзои як гурӯҳи ҷиноятпеша, ки аз моҳи март мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, дастгир гардиданд. Гумонбаршудагон ба узвияти ин гурӯҳ, сокинони шаҳри Ваҳдат Рӯзиқул Шоимқулови 44-сола ва Хуршедҷон Холмуродови 30-сола аз паноҳгоҳашон воқеъ дар кӯчаи А. Навоӣ-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дастгир гардиданд. Онҳо дар ҳамлаи ғоратгарона ба шаҳрвандони Чин рӯзи 3-юми март дар қаҳвахонаи «Обшорон»-и пойтахт, ки бар асари он 7 нафар ҷароҳати вазнин бардошта буданд, гумонбар дониста мешаванд
Қаблан рӯзҳои 24 ва 25-уми марти соли равон 5 нафар аъзои ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша боздошт шуда буданд. Пешвои гурӯҳи ҷиноятпеша – сокини 42-солаи шаҳри Ваҳдат Худойназар Одинаев рӯзи 25-уми март дар автовокзали пойтахт зимни муқобилати мусаллаҳона аз ҷониби кормандони милиса кушта шуда буд.
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Чӣ тавр дар шароити хона занбӯруғ парвариш мекунанд?
Панҷ гузариши гаронтарин. Футболбозони тоҷикро бо чанд пул хариданд?
Шаш соли ҳабси як сокини Хуҷанд барои "паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири шаробхор ва зоҳид”
Дар Қазоқистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро аз сардӣ наҷот додаанд
НАВШУДА. Бег Сабур ва Шералӣ Мирзо аз вазифа озод шуданд. Номзадии Юсуф Раҳмон барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд
Ҳашари якҷояи сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста