Рӯзи 10-уми июни соли равон дар натиҷаи амалиёти кормандони ВКД алайҳи гурӯҳи нашъаҷаллобон дар ноҳияи Шӯробод дар мавзеи «Деволбарс» миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва гурӯҳи қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, ашхоси мусаллаҳи ҷинояткор ба муқовимат тоб наоварада, ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд. Дар вақти азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз пинҳонгоҳи сохтаи қочоқчиёни маводи мухаддир дар ҳудуди мавзеи «Деволбарс» дар чор халта ба миқдори ниҳоят калон 100 кг 160 грамм маводи нашъадори бангдона ва як адад яроқи тамғаи «ТОЗ-16» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Якчанд рӯз пеш, дақиқан рӯзи 6-уми июн дар мавзеи номбурда, ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як гурӯҳи мусаллаҳи нашъаҷаллобон иборат аз шаҳрвандони Афғонистон ошкору безарар гардонида шуда буданд. Задухӯрди мусаллаҳона, ки беш аз ду соат тӯл кашид, сабаби фирор намудани қочоқчиён ба марзи ин кишвар гардид. Аз пинҳонгоҳи нашъаҷалобон дар 5 борхалта ба миқдори 90 кг 300 грамм маводи нашъадор мусодира карда шуд.
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт
Аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” то “Тоҷикаэронавигатсия”. Кумитаи андоз андозсупорони беҳтаринро эълон кард
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард
“Озод ва сабук кунед”. Ду талаби вакилони муттаҳамон ба парвандаи “табаддулоти давлатӣ”
Ҳамла ба “Крокус”. Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, 27 нафар гумонбаранд
Аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар мақоми 121-ум қарор дорад
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста