Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ аз 25-уми август то 3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти махсуси «Кӯдакон»-ро доир менамояд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА РКД-и пойтахт подполковник Шерафган Латифов хабар дод, амалиёт дар робита ба оғози соли хониш дар макотиби таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад.
«Дар доираи амалиёт кормандони БДА то 1-уми сентябр кӯчаву гузаргоҳҳои назди мактабҳоро аз назар гузаронида, дар сурати зарурат дар онҳо аломатҳои махсуси иловагӣ насб мекунанд», - гуфт вай.
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 1-уми сентябр кормандони БДА бо толибилмон дар мактабҳо мулоқот ороста, ба онҳо қоидаҳои асосии бехтарии ҳаракат дар роҳро шарҳ медиҳанд.
Бино ба маълумоти ШБДА РКД-и пойтахт, аз оғози соли равон дар роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе 58 ҳодисаи садамаи нақлиёт бо ҳузури ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 8 нафар кӯдакон ҳалок ва 56 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста