Шаби гузашта як боздоштшуда худро аз тирезаи ошёнаи 6-уми бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ба замин афканд.
Аз Агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷавони 22-сола ба гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи муххадир боздошт ва аз ӯ як миқдор героин дарёфту мусодира гардида, ба агентӣ оварда шудаааст ва ин ҳодиса баъди ним соати овардани ӯ ба вуқӯъ пайвастааст. Пас аз худро ба замин афкандан ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Фирдавсии пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз шуда, кормандони прокуратура сабти видеоии ин ҳодисаро, ки аз ҷониби кормандони агентӣ наворбардорӣ шудааст, мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додаанд. Аз ҷузъиёти дигари ин ҳодиса маълумот дода намешавад.
Қобили зикр ас, ки ин ҳодисаи нахустини даст ба худкушӣ задании боздоштшудагон нест. Соли гузашта Баҳромиддин Шодиеви 22-сола дар шуъбаи эҳёгарии Маркази мили тиббӣ фавтида буд, ки ӯ ба инҷо аз ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур оварда шуда буд.
Кормандони милисаи шуъбаи мазкур изҳор карда буданд, ки пас аз боздошту ба шуъба овардан ӯ худро аз ошёна 2-юм ба берун партофта, ба ин ҳол расидааст.
Наздикони боздоштшуда бошад, гуфта буданд, ки ӯ мавриди лату кӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз ба ҳалокат расидааст.
Дар мавриди марги боздоштшудаи дигар Сафаралӣ Сангов дар Маркази миллии тиббӣ низ наздиконаш бар ин назаранд, ки ӯ аз ҷониби кормандони ШКД-и Сино-1-и пойтахт бераҳмона лату кӯб шуда, даст ба худкушӣ задааст.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста