То баргузории амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ, ки 24-уми июл оғоз гардида буд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар миқёси ВМКБ аз аҳолӣ 137 адад яроқу силоҳи оташфишон мусодира гардида буд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, баъди 24-уми июли соли равон бошад ба миқдори 251 адад силоҳу лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ аз ҷумла зиёда аз 100- адад автомати тамғаи Калашников, 6- пулемёт, 22- адад гранатмёт, як адад миномёт, як адад ДШК, як адад яроқи тамғаи «зенитка» ва дигар муҳимоти ҷангӣ аз аҳолӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор гирифта шуд. Ҳаминчуни беш аз 20 ҳазор адад лавозимоти ҷангӣ ва зиёда аз 150 адад маводҳои тарканда дарёфт ва мусодира гардид.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин давра инчунин ду нафари мавриди ҷустуҷӯ қарордошта низ дастгир шудаанд, ки инҳо сокини 30-солаи шаҳри Хоруғ Умед Шосулаймонов ва Матлаб Бекназарови 28-сола мебошанд. Онҳо ба авбошӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ ба шахс, лату кӯби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гумонбар дониста шуда, ба мавриди амал қарор гирифтани ҳукми суд монеъа эҷод карда буданд.
Дар иттилои ВКД таъкид мегардад, ки имрӯз аҳолии шаҳри Хоруғ бо мақсади то охирин силоҳу лавозимоти ҷангиро гирифтан, бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ менамоянд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19-уми сентябр зимни вохӯрӣ бо фаъолони ВМКБ дар шаҳри Хоруғ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буд, ки шахсоне, ки ихтиёран аслиҳаи худро ба мақомот таслим мекунанду барои ошкор сохтани ҷиноятҳо ба кормандони мақомот мусоидат менамоянд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда хоҳанд шуд.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста