Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як рӯйхати иборат аз 500 нафар сокинони вилояти Хатлонро, ки ҷонибдорони полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев мебошанд, таҳия намудаанд. Бино ба иттилои хабаргузории REGNUM, дар ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон дар ин бора хабар дода шудааст.
Дар ҷаласаи мазкур зикр гардидааст, ки дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як оилае, ки «ба иҷрои супоришҳои Ӯзбекистон» машғул будааст, боздошт гардида, онҳо муддати 7 соли ахир дар Ӯзбекистон ба сар бурдаанд. Ҳукуматдорони кишвари ҳамсоя фарзандони онҳоро гирифта, маҷбур кардаанд, ки ба Тоҷикистон барои иҷрои супоришҳои махсус баргарданд.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Маҳмуд Худойбердиев яке аз қумондонҳои саҳроии бонуфузи Фронти халқӣ маҳсуб меёфт, ки дар сари қудрат омадани ҳукуматдорони кунунӣ саҳми арзанда дорад.
Аммо соли 1996 дар минтақаи ҷануб ва соли 1998 дар вилояти Суғд алайҳи ҳукумат ошӯб бардошта, сипас дар қаламрави Ӯзбекистон паноҳ бурд. Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон борҳо аз кишвари ҳамсоя истирдоди ӯро дархост карда бошад ҳам, лекин то ҳанӯз ин кӯшишҳо бенатиҷа анҷом ёфтаанд.
Баъдтар ҳудуди 100 нафар ҳаммаслакони Маҳмуд Худойбердиев ба муҳлатҳои гуногуни зиндон ва қисмате аз онҳо ба ҳукми қатл маҳкум шуданд.
Акнун мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки назди 170 нафар ҷонибдорон полковники ошӯбгар аз ҳисоби сокинони ин вилоят дар қаламрави Русия мебошанд. Аз ин шумор 36 нафар таҳт пайгарди қонунӣ қарор доранд. Соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳафт тан аз ҷонибдорони Маҳмуд Худойбердиевро боздошт намуданд, ки дар содир кардани ҷиноёти гуногун муттаҳам карда мешаванд.
“Рашки зиёд сабаб шуда, ки ин корро кунад”. Суҳбат бо вакили дифои Мадина Ҳалимова, ки кӯдаконашро ба “Сурхоб” андохт
Агентиҳои СММ ба Тоҷикистон дар беҳбуди ғизои аҳолӣ кумак мекунанд
Оғози марҳилаи дуввуми лоиҳаи тақвияти ҳамкории котибони матбуотӣ бо рӯзноманигорон
Дар Ӯзбекистон 357 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунад
Худкушии қариб 50 нафар дар ним сол дар вилояти Хатлон
Як созмони байналмилалӣ пешгӯи мекунад, ки интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам мешавад
Вазири энергетика фаъолияти нимсолаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро ғайриқаноатбахш хондааст
Чаро шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирон дигар ҷолиб нест?
Вокуниши Омбудсмен ба қазияи Мадина Ҳалимова, ки гуфта мешавад чор кӯдакашро ба дарё андохтааст
Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон мавсими навро дар “Сипоҳон”-и Эрон оғоз мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста