Шоми рӯзи якшанбе фармондеҳи нақлиётии ИМА генерал Уилям Фрейзер ба Душанбе ташриф овард.
Имрӯз ӯ бо фармондеҳи нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Шералишо Мирзо мулоқот ороста, зимни суҳбат масоили ҳамкории ҷонибҳо дар таҳкими амнияти марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматулллоев иттилоъ дод, Ш.Мирзо ба генерали амрикоӣ барои мусоидати кишвараш ба таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ ва омодасозии кадрҳо барои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро таъкид намуданд.
Баъдтар фармондеҳи воломақоми амрикоӣ бо муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Нодиров дидору гуфтушунид кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масоили вазъи минтақа, густариши ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин омодасозии кадрҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон матраҳ шуданд. Имрӯз генерали амрикоӣ Тоҷикистонро тарк мекунад.
Ёдрас мекунем, ки сафари кунунии У.Фрейзер ба Тоҷикистон сафари сеюми ӯ аст. Соли равон фармондеҳи нақлиётии ИМА моҳҳои феврал ва май аз Тоҷикистон боздид намуда буд.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста