Соли равон дар вилояти Суғд 40 ҳодисаи ба худкушӣ даст задани ноболиғон ба қайд гирифта шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, тайи се рӯзи ахир се тан аз сокинони вилоят даст ба худкушӣ задаанд, ки як нафари онҳо ноболиғ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, чанде қабл тахминан соатҳои 10-и нимаи аввали рӯз толибилми синфи 8-уми ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов К.А. дар оғилхонаи манзилашон худро ба дор овехтааст. Дар ҷисми писари ноболиғ аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт нашудааст. Мақомоти маҳаллии прокуратура ба таҳқиқи сабабҳои рух додани ин ҳодиса машғул аст.
Боз ду нафари дигаре, ки даст ба худкушӣ задаанд, сокини 30-солаи ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров О.Д. ва модари 40-солаи се фарзанд аз ноҳияи Шаҳристон М.Г. мебошанд. Тафтишоти ҳодисаҳои мазкур ҷараён дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 222 ҳодисаи худкушӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 188 ҳодиса) ва 73 ҳодисаи суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст.
Аз ин шумори тавассути худкушӣ ҳалокшудагон 118 нафарашонро мардон, аз ҷумла 14 писари ноболиғ ва 104 нафарашонро занон, аз ҷумла 26 духтари ноболиғ ташкил медиҳанд. Мутобиқи моддаи «ба худкушӣ оварда расонидан» 10 парвандаи ҷиноӣ (соли 2011 – 16 парванда) боз шудааст.



Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста