Зимни сафари хизматӣ ба ВМКБ ҳафтаи гузашта вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов бо ҳайати шахсии вазорат дар вилоят ҷаласа баргузор карда, ду нафар корманди милисаро барои алоқа доштан бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар шаҳри Хоруғ аз мансаб сабукдӯш намуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ду нафар кормандони ШВКД дар ноҳияи Мурғоб, ваколатдори оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ, капитани милиса Асалбек Боронбоев ва сарваколатдори шӯъбачаи кофтукови ҷиноӣ подполковники милитсия Маҳкам Лашкаров аз вазифаҳояшон дар мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуданд.
Инчунин вобаста ба натиҷаҳои пасти фаъолияти хизматӣ ва беэътиноӣ зоҳир намудан ба масъулияти базиммадошта, 7 нафар кормандони ШВКД дар шаҳри Хоруғ аз вазифа озод ва нисбати 5 нафари дигар танбеҳ эълон карда шуд.
Вазири корҳои дохилӣ дар идомаи суханронии худ ҳайати шахсиро таъкид намуд, ки вазифаи худро содиқона ва софдилона ба ҷой оварда, муборизаро бо ҷинояткорӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки оромӣ ва суботро халалдор карданӣ ҳастанд, пурзӯр намоянд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ОИ «24.kg» бо истинод ба маркази матбуоти Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон, дар яке аз посгоҳҳои ин кишвар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду нафар кормандони мақомоти кофтукови ҷиноии Тоҷикистонро боздошт намуда, аз автомашинаи онҳо 6 кило маводи мухаддири героин дарёфт намудаанд.
Ба иттилои ин манбаъ, баъдтар маълум шудааст, ин ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кормандони амалкунандаи кофтукови ҷиноии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мурғоби ВМКБ будаанд.
Замони интишори хабар муяссар нагардид, ки дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ тасдиқ созем, ки оё инҷо сухан сари ҳамон кормандони дар боло зикршуда меравад ё на.




Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста