Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ аз аҳли ҷомеа даъват ба амал меоварад, ки дар таҳияи лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2022» саҳм гузоранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, санади мазкур аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ бо ҳамоҳангсозии Агентӣ таҳия гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, қабули Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2022 (минбаъд Стратегия) вобаста ба таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама ба фаъол гардидани амалҳои ҷиноятҳои трансмиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (минбаъд маводи нашъаовар) алоқаманд мебошад. «Болоравии сатҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва истифодаи ғайритиббии онҳо, зиёд шудани теъдоди гирифторони вируси норасоии масунияти одам (минбаъд ВНМО) аз ҷумлаи истеъмолкунандагони маводи нашъаовар, ба амният, иқтисодиёт ва солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ мекунад», - гуфт манбаъ.
Ба назардошти тамоми гуфтаҳои дар боло зикршуда, 20-уми апрели соли равон сарвари давлат дар паёми худ ба парлумон ба Агентӣ супориш дод, ки «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовар барои солҳои 2013-2022»-ро таҳия намояд.
Дар АНМН таъкид намуданд, ки гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Стратегия мазкур барои ироаи тағйиру илова ва пешниҳодот аз аҳолӣ миннатдор хоҳанд буд.
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2025
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста